Дар Тоҷикистон беш аз 306 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 306 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 83, 2 ҳазор тонна зиёд аст. Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сабаби афзун гардидани истеҳсоли семент мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи сементи «Хуаксин Ғаюр Семент» — и ноҳияи Ёвон ва дар корхонаи сементи Душанбе ба ҷойи газ истифода шудани ангишт мебошад.Ғайр аз ин дар Тоҷикистон корхонаю коргоҳҳои хурди семент фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ афзудани истеҳсоли семент боиси коҳиш ёфтани воридоти он аз хориҷа гардид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






