Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2013 12:41

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи аз вазифаи ПрезидентиАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Илолов М.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Илолов Мамадшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе6 декабри соли 2013№91ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Президенти Академияиилмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Раҳимов Ф.Қ.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Раҳимов Фарҳод Қодирович Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе6 декабри соли 2013№92
 
РАҲИМОВ ФАРҲОД ҚОДИРОВИЧПрезиденти Академияи илмҳои ТоҷикистонРаҳимов Фарҳод Қодирович 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик — омӯзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор мебошад.Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз мӯҳлат дифоъ намудааст.Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва докторанти ҳамин Донишгоҳ фаъолият намуда, таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи мутаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва унвони илмии доктори илмҳои физика ва математикаро соҳиб гардидааст.Солҳои 2001-2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Солҳои 2005-2006 дар мансаби муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2006 то ба имрӯз муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.Муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм бо ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ ва ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардидааст.Соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» гардид.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид.
 
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи аз вазифаи ПрезидентиАкадемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонозод намудани Аҳмадов Ҳ.М.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе6 декабри соли 2013№93ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи Президенти Академияиилмҳои кишоварзии Тоҷикистонтаъин намудани Изатулло СатторӣМутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Изатулло Сатторӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе6 декабри соли 2013№94 ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ -Президенти Академияи илмҳои кишоварзии ТоҷикистонИззатулло Сатторӣ 24 декабри соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1978 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоогигиена ва асосҳои ветеринарии факултаи ветеринарии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ҳамчун аспиранти Институти ветеринарии шаҳри Москва, корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ, корманди пешбари илмӣ ва мудири лабораторияи вирусологияи Институти ветеринарии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 1994-2005 Директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Аз соли 2005 то ба имрӯз дар мансаби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият дорад.Барои хизматҳои шоён бо ордени Шараф сарфароз гардидааст.Муаллифи зиёда аз 210 асарҳои илмӣ ва 18 ихтироот мебошад.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин гардид.

Декабрь 6, 2013 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд