Гардиши савдо бо кишварҳои хориҷии наздик 3,3 фоиз коҳиш ёфт

Декабрь 27, 2013 10:43

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ — ноябри соли ҷорӣ 4,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз афзуд. Аз ҷумла, гардиши савдо бо кишварҳои хориҷии наздик 3,3 фоиз коҳиш ёфта, бо кишварҳои хориҷии дур 10,0 фоиз афзоиш ёфт.  Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҳаҷми содироти молҳо 1,1 млрд. долл. ИМА ва воридоти молҳо 3,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 12,9 фоиз кам ва 10,3 фоиз зиёд мебошад.

Декабрь 27, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш