Ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Эсхата» дар Ғӯлакандоз
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҷамоати Ғӯлакандоз аз ҷамоатҳои калони ноҳияи Ҷ.Расулов ба ҳисоб рафта, зиёда аз 39 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Сокинони он бештар ба корҳои хоҷагии қишлоқ ва соҳибкории хурд машғул ҳастанд. Бо мақсади наздик шудан ба мизоҷон ва мусоидат намудан дар рушди соҳибкории ноҳия дар ин ҷамоат Маркази нави хизматрасонии бонки «Эсхата» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии филиал меҳмонон аз ҷамоат, соҳибкорону тоҷирон ва сокинони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, директори филиали бонки «Эсхата» дар ноҳияи Ҷ. Расулов Бахтиёр Ҳошимов изҳор дошт, ки минбаъд барои боз ҳам осон намудани кори мизоҷон ва умуман сокинони ноҳия марказ хизматрасонии босифатро ба мизоҷони худ мерасонад. Худи ҳамон рȳз аввалин мизоҷони интиқоли пулӣ ва қарзҳо соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






