Иштироки дастаи ҷавонон дар мусобиқоти байналмилалӣ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 3 декабр дар шаҳри Маскав маросими қуръапартоии Мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2014 баргузор гардида, аз рӯи натиҷаи он иштирокдорон ба се гуруҳ тақсим карда шуданд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ дар гуруҳи «А» мавқеъ гирифт, ки ҳарифонаш дастаҳои Эстония, Украина ва Қирғизистон мебошанд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқоти 22 – юми байналмилӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол аз 24 январ то 2 феврали соли 2014 дар шаҳри Санкт – Петербург баргузор гардида, дар он 12 дастаи мунтахаби ҷавонон иштирок мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот синни бозингарони дастаҳо аз соли 1993 ва ҷавонтар аз он бошад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқот дар клуби варзишии «Петербургский» сурат мегиранд.Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 20 декабр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ин мусобиқот тайёрӣ мебинад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






