Иттилоияи Прокуратураи Генералии ҶТ
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ “Ховар”).-Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов Зайд Шерович бо моддаҳои 319 қисми 4 банди «г», 247 қисми 4 банди «б», 138 қисми 3 банди «а», 131 қисми 3 банди «б» ва 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши пешакии он аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст, 28 августи соли 2013 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда буд.Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов Зайд Шерович аз 12 сентябр то 25 декабри соли 2013 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид.Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2013 Саидов Зайд Шерович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 қисми 4 банди «г» (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138 қисми 3 банди «а» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131 қисми 3 банди «б» (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуд.Бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйингардида ба Саидов Зайд Шерович ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.Мутобиқи моддаҳои 51 ва 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






