Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Дар васоити ахбори омма мақолаи тумтароқе таҳти унвони «Хидмат дар артиши Тоҷикистон: ғуломони қарни ХХ1» пайдо гардид. Дар он гуфта мешавад, ки гӯё ҳодисаҳои фурӯши сарбозон барои мардикорӣ дар назди аҳолии маҳаллӣ вуҷуд доштаанд. Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, изҳор намояд, ки ҳодисаҳои дар мақола зикрёфта ҳақиқат надоранд. Аввалан, мувофиқи нишондодҳои раиси ҷамоат Баҳриддинов Ш. ва котиби ҷамоат Қодирова Т. ягон ҳодисаи истифодаи ғайриқонунии хидматчиёни ҳарбии хидмати таъҷилии посбонгоҳи сарҳадии «Фароб» ба қайд гирифта нашудааст. Сониян, шаҳрванд Раззоқов Зубайд, ки исмаш дар мақола зикр ёфтааст, ин ходисаҳоро тӯҳмат шумурда, изҳор дошт, ки вай дар ҳақиқат соҳиби мошини тамғаи «Зил» мебошад, вале мошинаш кайҳо боз дар таъмири асосӣ қарор дорад, зиёда аз ин, вай сарбозонро барои иҷрои кадом коре ҳаргиз истифода набурдааст ва умуман бо ягон афсарони посбонгоҳи сарҳадӣ шиносоӣ надорад. Ронандаи дигари мошини боркаш Нарзиқулов М. зикр намуд, ки фасли тобистон ба кашонидани санг барои эҳтиёҷоти сохтмон машғул буда, вале ягон бор аз сарбозон ёрӣ напурсидааст, зеро аз ҷумлаи шаҳрвандон ёрдамчиёни кофӣ дорад. Боз як ронандаи мошини боркаш Имомов А. зикр намуд, ки ҳафтае ду – се маротиба ба кашонидани санг аз маҳаллаи Ҳазорманӣ машғул буда, аммо барои ба мошин бор кардани сангҳо ба вай бинокорон ва соҳиби сохтмон кӯмак мекунанд.Саввум, хидматчиёни ҳарбии хидмати таъҷилии посбонгоҳи «Фароб» гувоҳӣ доданд, ки бо либосу хӯрок пурра таъмин буда ва ба ҷамъоварии пули иловагӣ аз ҷойи дигар эҳтиёҷ надоранд. Чаҳорум, мувофиқи суханони аҳолии маҳаллӣ, дар деҳа ҳақиқатан ҳам ду – се мошин ба сангкашонӣ машғуланд, вале ин корро шаҳрвандон баҷо меоранд.Таҳлили ин мақола, ҳамчунин нишондодҳои афсарони масъул ва ҳайати шахсии посбонгоҳ асос медиҳад тахмин бурда шавад, ки чунин изҳороти иғвогаронаи муаллифи номниҳод бо тахаллуси Мубинҷон Лаълбеков бо мақсади паст задани обрӯи сарҳадбонон дар пеши назари аҳолии маҳаллӣ ва аз онҳо сохтани «колхозчиёну сангтарошон» аст. Ҷаноби Лаълбеков мебоист аз манбаҳои боэътимодтар маълумот мегирифт, то дучори вазъияти ногувор нагардад ва хонандагонро ба иштибоҳ нагузорад. Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






