Кӯмаки Ҷамъияти бепарасторони Кӯлоб

Декабрь 28, 2013 10:51

Кӯлоб, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби ҳокимиятҳои давлатӣ, ташкилоту корхона ва соҳибкорон ба табақаи ниёзманди аҳолӣ кӯмакҳои иқтисодӣ расонида мешаванд. Беш аз 50 нафар ятимону бепарасторон ва иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбони ноҳияи Кӯлоб аз кӯмаки навбатии ҷамъияти ятимону бепарасторони ноҳияи Кӯлоб бархурдор гардиданд. Ҷамъияти маъюбону бепарасторон дар ноҳияи Кӯлоб соли 2007-ум ташкил шуд ва он ҳамасола ба беш аз 80 нафар ятимону бепарасторон, иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбон кӯмак мерасонад. Ҷамъият дар арафаи соли нави мелодӣ ба ҳар як аъзои худ 50 кг орд, сабзӣ ва пиёз дастрас намуд.

Декабрь 28, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад