Комиссияи оид ба масоили амнияти сарҳадот
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар ҷараёни конфронси серӯза, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тасмим гирифта шуд, ки комиссияи муштарак оид ба масоили амнияти сарҳадот, муқобилат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳамкории байни минтақаҳои ду кишвар таъсис дода шавад.Хотирнишон месозем, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳошияи «Барномаи минтақавӣ оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011- 2014» аз 30 ноябр то 2 декабр конфронси оид ба ҳамкории Афғонистону Тоҷикистон дар бахши назорати маводи мухаддирро доир намуд.Назар ба хабари маркази матбуоти Агенти назорати маводи нашъаовар, тайи се рӯз тадбирҳо ҷиҳати ҳамкории байни Афғонистону Тоҷикистон ба манзури муқобилат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифта, саъю кӯшишҳои дуҷониба барои ҷилавгирии хавфу хатари маводи мухаддири Афғонистон баррасӣ шуданд.Конфронс имкон дод, ки чораҳои нав ҷиҳати ҳамкории байни ду кишвар ба манзури ҷилавгирӣ ва муқобилат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва саъю кӯшишҳои дуҷониба барои коҳиш додани хавфи маводи мухаддири Афгонистон муҳокима шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






