Курси таълимии сагпарварони хадамоти гумруки ҶТ

Декабрь 12, 2013 14:18

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Маркази миллии байниидоравии таълимии сагпарварони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курси навбатии таълимии сагпарварони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ идома дорад. Курсҳои таълимиро коршиносони бахши сагпарварии Агентии назорати маводи нашъаовар рӯи кор меоранд.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, барномаи таълимии омӯзиш мубодилаи афкори иштирокдоронро перомуни донишу таҷрибаи бахши усулҳои сагпарварӣ барои пайдо намудани маводи мухаддир дар бар мегирад.Курси таълимӣ имкон медиҳад, ки сатҳи донишу малакаҳои касбии мутахассисони бахши сагпарварии хадамоти гумрук баланд бардошта, ҳамчунин онҳо ба иҷрои вазифаҳои нави бахши сагпарварӣ пурра омода гарданд.

Декабрь 12, 2013 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш