М. Убайдуллоев: “Соли 2013 соли пурсамар буд”
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- “Соли 2013 барои Маҷлиси миллӣ соли пурсамар буд”, гуфт дар фарҷоми иҷлосияи шонздаҳуми палатаи болоии Парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев. Мавсуф аз фаъолияти анҷомдодаи аъзои Маҷлиси миллӣ дар соли 2013 изҳори қаноатмандӣ намуд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки дар соли 2013 дар маҷмуъ 120 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 26 қонун дар таҳрири нав, 94 қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 қарори аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои сохти марзию маъмурӣ пешниҳодшуда, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” бинобар ҷонибдорӣ нагардиданаш ба Маҷлиси намояндагон гардонида шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳалли масъалаҳои мазкур ҳар як узви Маҷлиси миллӣ нақши босазо гузоштаанд. Дар самти фаъолияти қонунэҷоднамоӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Қ.Расулзода, Б.Худоёров, Қ.Маҳкамов, С.Хайруллоев, У.Қурбонов, М.Илолов, М.Сатторова, Ҳ.Абдуллоев, Қ.Ғуломшоева, М.Зувайдов, Ф.Шоиддинов, Х.Асоев, А.Ҷалилов, Ш.Гулаёзов, А.Азизов, С.Шарипов 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки Маҷлиси намояндагон онро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд. Ҳамзамон беш аз 10 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Д.Гулмаҳмадов, Б.Худоёров, М.Илолов, С.Тағоев, З.Раҷабова, Х.Абдуназаров ва Ғ.Авзалов пешниҳод шуданд, ҳоло мавриди баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ, ки охирин иҷлосияи палатаи болоии Парлумони мамлакат дар соли 2013 маҳсуб мегардад, бо таманниёти неки раиси Маҷлиси миллӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ба муносибати фарорасии соли нави милодии 2014 ба анҷом расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






