Мулоқоти Шамсиддин Орумбеков бо Эдуард Ауре

Декабрь 24, 2013 14:39

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ “Ховар» , Заранегзи Латиф).- Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауре мулоқот намуд .Сараввал Сафири Иттиҳоди Аврупо Шамсиддин Орумбековро ба муносибати ба вазифаи вазири фарҳанг таъйин шуданаш шодбош гуфта, ба ӯ комёбиҳо орзу намуд. Вазири фарҳанг ва Сафири Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои минбаъдаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, хоҳони суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳо будани хешро иброз доштанд.Дар ин бора Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Декабрь 24, 2013 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш