Натиҷаи мулоқоти ғайрирасмии «Муколамаи Душанбе»

Декабрь 2, 2013 12:51

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ).- Аз рӯи натиҷаи мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони сохторҳои зидди маводи мухаддири 12 кишвар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳороти муштарак қабул шуд. Дар он самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ зикр ёфтаанд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, аз рӯи натиҷаи мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол дар ҳар кадоме аз кишварҳои узви муколама чунин мулоқотҳо доир карда шаванд.Дар робита бо ин, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод намуд, ки мулоқоти оянда соли 2014 дар Эрон доир карда шавад. Дар анҷоми мулоқот нишасти матбуоти намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.Натиҷаи кори муштараку самарабахши мулоқот нишон дод, ки бояд дар минтақа ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, ҳамчунин тарбия ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти пулис ва сармоягузорӣ ба кишварҳои аъзо мутобиқи лоиҳаҳои дахлдор таҳким бахшида шавад.

Декабрь 2, 2013 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш