Нишони Анвар ва Мавзуна аз мусобиқаи байналмилалии бокс

Декабрь 24, 2013 14:57

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс” миёни мардон ва бонувон, ки аз 18-ум то 23-юми декабри соли равон дар шаҳри Ханта-Мансийски Русия ҷараён дошт, ду медали ин мусобиқаро ба даст оварданд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, ки Тоҷикистонро 6 варзишгар муаррифӣ мекард, танҳо ба Анвар ва Мавзуна имкон даст дод, ки ҳарду дар вазни 60 кг ҷой гиранд ва медали тилло ва биринҷии мусобиқотро ба даст оваранд.

Декабрь 24, 2013 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш