Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

Декабрь 4, 2013 18:35

Президенти Ҷумҳурии Финладия Саули Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба Шумо, ҷаноби Президент табрикоти самимии худро бо беҳтарин таманниёти комёбӣ дар ин мансаби олӣ иброз намоям.Ҷаноби Олӣ, эҳтироми волои маро қабул фармоед”.Дар барқияи табрикотии Директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад омадааст:“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,Лутфан, табрикоти маро ба муносибати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед. Дар марҳилаи нави фаъолият дар ин мансаб ба Шумо муваффақиятҳои бузург таманно дорам.Дар суханронии худ аснои маросими савгандёдкунӣ Шумо иброз намудед, ки дар марҳилаи навбатии роҳбарии кишвар бо пиёда намудани ислоҳоти пешгирифта дар соҳаҳои мухталиф дар даҳсолаи оянда пояҳои иқтисоди мамлакатро мустаҳкамтар хоҳед кард. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо итминон бидиҳам, ки ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳамкорӣ бо Ҳукумати нави Тоҷикистон дар самти ташкил ва иҷрои ислоҳоти пешгирифтаатон хушнуд мебошад.Мо омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самтҳои тақвият, таъмин ва шаффофияти бахши молиявӣ, идораи молияи давлатӣ, муайян кардани иқдомоти лозима барои ҳифзи арзиши дороиҳои бонкҳо, аз ҷумла бонки «Агроинвестбонк», ҳамоҳангии наздиктар бо буҷаи корхонаҳои давлатӣ, мисли Талко Менеҷмент робитаҳои густрадаро ба роҳ монем. Зеро ислоҳоти ҷиддӣ дар ин бахшҳо барои боз ҳам дастгирӣ ёфтани ислоҳоти Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор заминаи мусоид фароҳам меорад.Лутфан, бори дигар табрикоти самимии маро ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба мақоми президентӣ қабул фармоед. Аз дидори дубора бо Шумо дар ояндаи наздик хушҳол хоҳам буд”.

Декабрь 4, 2013 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад