«Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -«Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва шароитҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар замони гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, инъикос менамояд. Дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 6 сол оварда шудаанд. Дар он дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат маълумот оварда шудааст. Тавре ки аз Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд, дар маҷмӯа нишондиҳандаҳои ҷудогона, ки вазъияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, бештар ҷой дода шудаанд. Яке аз бобҳои маҷмӯа, тавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти бизнеси хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






