Парлумон номи баъзе аз маҳалҳои Шаҳринавро тоҷикӣ кард
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ ”Ховар”, Марзия Саидова).- Номи як шаҳраку деҳот ва беш аз 30 деҳа дар ноҳияи Шаҳринав тағйир дода шуд. Дар робита ба ин аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйир додани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринавро ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он шаҳраки “Октябр” ба номи шоири маъруфи тоҷик -Мирзо Турсунзода иваз шуда, деҳоти “Селбур” ба «Истиқлол» табдили ном кард. Инчунин деҳаҳои Турбақалъа ба Ҳосилот, Отқамоқ ба Иттифоқ, Тоштеппа ба Роҳи нав, Бузуқ ба Нуробод, Уро-ур ба Суғдиён , Қизилбулоқ ба Файзобод, Янгиташкил ба Даҳбед, Советобод ба Гулистон, Қирғизон ба Деҳқонобод, Марқобод ба Меҳргон, Турбақалъа -1 ба Баҳор, Турбақалъа -3 ба Дӯстӣ, Турбақалъа -4 ба Ваҳдат, Каттабӯйниқингир ба Ҳаёти нав, Кичикбӯйниқинғир ба Бӯстон, Каттачиқӯрғон ба Меҳнатобод, Кичикчимқӯрғон ба Чаманоро, Қизилбайрақ ба Аҷам, Қизил Октябр ба Файзбахш, Тошохӯр ба Гулобод, Дурманбулоқ ба Лолазор, Бешбулоқ ба Обшорон, Ойим -1 ба Шараф, Ойим -2 ба Ободон, Ойим -3 ба Баракат, Кофирқалъа-1 ба Баҳористон, Кофирқалъа-2 ба Офтобрӯя, Хуҷии поён ба Хоҷагулпӯшӣ, Кӯтарма ба Зарнисор, Чузии боло ба Наврӯз, Ҷарбулоқи миёна ба Ҷавонон, Ҷарбулоқи боло ба Чашмасор ва Ҷарбулоқи поён ба Деҳобод табдили ном карданд. Бояд тазаккур дод, ки деҳаҳои мазкур дар ҳайати деҳоти “Истиқлол”, “Сабо”, А. Ҳасанов ва Чуст қарор доранд. Ҳадаф аз тасдиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав аз Парлумон поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, хусусан татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”буда, он дар асоси пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав сурат гирифтааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






