Рақобати 430 нафар барои Ҷоми кушоди Тоҷикистон

Декабрь 2, 2013 15:06

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Беш аз 430 нафар таэквандочиёни Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон миёни ҳам барои ба даст овардани зинаҳои ифтихории Ҷоми кушоди Тоҷикистон оид ба таэквандо (ВТФ) рақобат доранд, ки аз миёни онҳо наздик ба 130 нафарашро духтарон ташкил мекунанд.Мусобиқа шуруъ аз 30-юм бо дастгирии Федератсияи таэквандо (ВТФ)-и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукеумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба 21- солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ баргузор гардида, дар чорабинии мазкур дастаҳо аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрону Афғонистон ва дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Клуби варзишии «Локомотив»-и Роҳи оҳани Тоҷикистон иштирок доранд.Мусобиқа то 3-юми декабри соли равон идома хоҳад кард.

Декабрь 2, 2013 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш