Симпозиуми байналмилалӣ аз рӯи масоили бемории сил

Декабрь 3, 2013 14:29

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони «Табибони бидуни марз» 5 ва 6 декабр дар шаҳри Душанбе Симпозиуми сеюми минтақавӣ аз рӯи масоили муолиҷаи бемории сил баргузор мегардад.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз симпозиум ташкили форуми минтақавӣ барои табодули таҷриба, ҳамчунин муҳокимаи масоили марбут ба ривоҷу такмили ташхис ва муолиҷаи бемории сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла масоили роҳандозии барномаи муолиҷаи бемории сил байни кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар симпозиум коршиносони ҷаҳон дар бахши табобат бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш, намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои минтақа ва созмонҳои бахши муолиҷаи бемории сил иштирок менамоянд.Дар анҷоми симпозиум рӯзи ҷумъаи 6 декабр нишасти матбуотии муштараки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва созмони «Табибони бидуни марз» баргузор мешавад.

Декабрь 3, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш