Сўхтор дар хоҷагии моҳипарварӣ

Декабрь 17, 2013 15:44

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Соати 19-10 дақиқаи 16 декабри соли ҷорӣ аз сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи печи аловӣ дар вагонхонаи хоҷагии моҳипарварии соҳибкор Умарҷон Гулови 39- сола, воқеъ дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат сӯхтор ба амал омад. Дар масоҳати 32 метри мураббаъ вагонхона сўхта корношоям гашт. Гунаҳгори ҳодиса посбони хоҷагии мазкур Сангалӣ Ёрматовичи 49- сола буда, зарар аз сӯхтор 2600 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз тарафи оташнишонон нигоҳдошта ба 9840 сомонӣ баробар аст. Ҳамчунин шаби 15 декабри соли 2013 дар мағозаи фурўши чархҳои резинии истифодашудаи нақлиётӣ, воқеъ дар кўчаи Зарафшон 1-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 40 метри мураббаъ мағоза бо молу ашёҳои дохилаш сўхта зарар дид. Мувофиқи иттилои коршиносони соҳа мағозаро шахси номаълум қасдан оташ задааст. Маблағи зарар 12000 сомонӣ буда, молу мулки аз тарафи оташнишонон эмин нигоҳдошта, баробар ба 40000 сомонӣ мебошад. Нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот бурда мешавад.

Декабрь 17, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш