Таҳқиқоти намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Декабрь 4, 2013 16:06

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 2-юми то 7-уми декабри соли равон намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Барномаи мустаҳкам намудани унсурҳои идоракунӣ» дар Тоҷикистон таҳқиқи худро анҷом хоҳанд дод.Дар доираи ин таҳқиқ дар назар аст, ки вохӯрии ҳайати вакилон бо роҳбарияти як силсила сохторҳои давлатӣ сурат гирад. Аз ҷумла, имрӯз дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Исмонов бо мушовири байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ Пол Бернд Спан сурат гирифт.Пол Бернд Спан аз корҳои дар ин самт анҷомдодаи вазорат изҳори қаноатмандӣ намуда, Вазорати маориф ва илмро яке аз пешоҳангони соҳаи таҳияи буҷет ва маблағгузорӣ номид.Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илм дар робита ба ин масъала таъкид намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур дар вазорат корҳои мушаххасе анҷом дода шудаанд ва Вазорати маориф ва илм натиҷаҳои назаррасро ноил ҳам гаштааст. Махсусан, дар татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ натиҷаҳо боиси омӯзишу таҳқиқи алоҳидаанд.Ҷонибҳо аз вохӯрӣ ва масоили дар он муҳокимашуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.Дар ин бора Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар дод.

Декабрь 4, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад