Таҷлили солгарди Истиқлолияти Қазоқистон

Декабрь 17, 2013 12:08

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 22 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни суханронии табрикотиаш чунин гуфт: «Басо сарфарозам, ки табрикоти самимонатаринро аз номи Президенти кишвар, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик ба муносибати иди давлатӣ — Рӯзи Истиқлолияти Қазоқистон ба Шумо, ҷаноби сафир, кормандони сафорат ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи мардуми Қазоқистон расонам».«Қазоқистони бародар давраи барои таърих нисбатан кӯтоҳи роҳи мустақилонаи рушди худро тай намуда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба муваффақиятҳои калон ноил гардида, имрӯз таъсири судманд ва натоиҷи сиёсати дурандешонаи роҳбарияти Қазоқистонро ҳис карда, халқи қазоқ ҳам дар кишвари худ ва дар арсаи ҷаҳон сазовори обрӯи баланд гардид. Равобити дӯстонаи байни кишварҳои мо, ки чун анъана дар таърих, анъаноти умумӣ ва арзишҳои олии фарҳангӣ асос ёфтаанд, ба туфайли муносибатҳои бародаронаи роҳбаронамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нерӯи нав пайдо кардаанд. Ҳамкории дарозмуддат ва ҳаҷман бузург бо Ҷумҳурии Қазоқистон самти асосии сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор меравад. Ба муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон боварию ҳамфикрӣ дар барқарории равобити сиёсӣ хосанд. Кишварҳои мо дар ҳошияи ИДМ, СҲШ, СААД, ҳамкории иқтисодии АвруОсиё, ҳамчунин дар доираи СММ ва САҲА дар миқёси минтақа судмандона ҳамкорӣ менамоянд. Амалиёти фаъолона дар масоили муқобилат ба терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хусусияти танзимкунандаи ин муносибатҳо мебошад. Мо ҷонибдори минбаъд ғанӣ гардонидан ва таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар ин замон низ мебошем», — гуфт зимни суханрониаш Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов.«Тоҷикистон ҳамеша шарики боэътимоди Қазоқистон буд. Ин сол соли рушди босуръати ҳар ду кишвар буд. Муомилоти моли байни мамлакатҳоямон босуръат афзоиш меёбад. Агар соли 2012 он 706 миллион доллари ИМА – ро ташкил дода бошад, тайи 10 моҳи соли 2013 беш аз 549 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Ба ман иҷозат фармоед, ба муносибати санаи фархунда итминон диҳам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Қазоқистон дар руҳи мушорикати судманд, мутобиқ бо неруи бузурги мавҷуда рушду густариш хоҳанд ёфт», — гуфт Сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оғибой Смагулов.Қобили зикр аст, ки Рӯзи Истиқлолияти Қазоқистон иди асосии миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор рафта, ин сана дар Қазоқистон ҳар сол 16 декабр таҷлил мешавад.

Декабрь 17, 2013 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд