Тафтишоти иловагӣ дар парвандаи З. Саидов
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар». — Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Зайд Шерович бо моддаҳои 319 қисми 4 банди «г», 247 қисми 4 банди «б», 138 қисми 3 банди «а», 131 қисми 3 банди «б» ва 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши пешакии он аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст, 28 августи соли 2013 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда буд.Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Зайд Шерович аз 12 сентябр то 25 декабри соли 2013 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид.Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2013 Саидов Зайд Шерович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 қисми 4 банди «г» (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138 қисми 3 банди «а» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131 қисми 3 банди «б» (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуд.Бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ба Саидов Зайд Шерович ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.Мутобиқи моддаҳои 51 ва 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд. Инчунин бо таъиноти суд як лаҳзаи айби ба Саидов З.Ш. эълоншуда бинобар исбот нашудани гуноҳаш қатъ карда шуда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бо се лаҳзаи айби эълоншуда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






