Татбиқи 9 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 124 миллион $
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол дар ҷумҳурӣ дар бахши бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ 9 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 124 миллион $ амалӣ гардида истодааст». Ин матлабро дар ҷаласаи Парлумони мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев-муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард. Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба баланд бардоштани бехатарии эътимоднокӣ ва истифодаи самараноки оби нӯшокӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон муовини аввали вазири молияи кишвар афзуд, ки бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои стратегии миллии рушд ва стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат зикр гардидааст. Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки новобаста ба оне, ки кишвари мо дорои захираҳои бои оби тозаи ошомиданист, аммо қисмати бештари аҳолии ҷумҳурӣ аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Дар робита ба ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо имкон медиҳанд сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар гардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






