Таваррум 3,4 фоизро ташкил дод

Декабрь 12, 2013 09:46

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Чун моҳҳои гузашта сатҳи таваррум дар моҳи ноябр устувор ва муътадил боқӣ монд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.Мувофиқи маълумотҳои расмӣ он дар давраи январ — ноябри соли равон 3,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи номбурда дар моҳи ноябр 0,3 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир ба 3,5 фоиз баробар шуд. Яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ — меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 октябри соли ҷорӣ дар сатҳи 5,5 фоиз қарор дорад.

Декабрь 12, 2013 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш