100-солагии З.Шаҳидӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад

Январь 28, 2014 13:41

    Душанбе, 28 январ (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). 25 январ дар Вазорати фарҳанги ҶТ бахшида ба 100-солагии таҷлили зодрӯзи бастакори маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ ҷаласа баргузор гардид.
 
   Муовини аввали вазири фарҳанг Маҳмадсаид Пиров аз қарори  ЮНЕСКО дар хусуси ҷашнгрии 100-солагии З.Шаҳидӣ дар моҳи майи соли 2014 маълумот дода, зикр намуд, ки ин ҷашн дар сатхи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
 
  Ҳамчунин, муовини аввали вазир роҳбарони ҳамаи ҳайатҳои эҷодиро доир ба нақшаи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ёдоварӣ намуда, ба шахсони масъул дар мавриди омодагӣ ба гузаронидани ҷашн супоришҳои мушаххас  дод.
 

Январь 28, 2014 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад