11 ҳолати нақзи қонуни танзим дар Душанбею Рӯдакӣ

Январь 30, 2014 12:06

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли тақрибан як моҳи соли ҷорӣ 11 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва навоҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб гирифта, нисбат ба қонуншиканон санад тартиб додаву онро ба судҳо ирсол намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим иттилоъ дод. Манбаъ афзуд: «Раёсат таърихи 5-уми январи соли ҷорӣ нисбат ба Ниёзов Маҳмадкарим, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи моддаи 11 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 12-уми январ бо дастрасии моддаи 11-уми ҳамин қонун нисбат ба сокини  ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Боймирзо Ғаюров, 12-уми январ бо моддаи 8-и қонуни мазкур нисбат ба сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Дилноза Наботова ва корманди тарабхонаи  «Атлас»-и шаҳри Душанбе Суннат Муниев, 19-уми январ бо моддаи 11-и ин қонун нисбат ба сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маъруфҷон Мадалиев, 20-уми январ бо моддаи 14-и қонун нисбат ба Нигматуллоев Муҳамад, корманди тарабхонаи «Фараҳноз»  ва худи ҳамон рӯз, 20-уми январи соли ҷорӣ нисбат ба сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳафизамо Азизова бо дастрасии талаботи моддаи 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо ирсол дошт». 
Бақайдгирии миқдори зиёди ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки 20-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни баргузории ҷашну маъракаҳо дар шаҳр шадидан нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа, аҳли ҷамоат ва васоити ахбори оммаи шаҳрӣ дастур дода буд, то баҳри расидан ба таъмини риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда тадбир андешанд. 
Зимнан, дар соли 2013 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 394 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 72 ҳолат ба шаҳри Душанбе рост меояд. 
 

Январь 30, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад