Қаллоб дастгир шуд

Январь 6, 2014 12:12

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сокини ноҳияи Қубодиён Соат Янгашевро бо гумонбари қаллобӣ дстгир намуданд. Соат Янгашев моҳи ноябри соли 2013 ҳиллаю найрангро ба кор бурда, беш аз 40 сар чорвои хурди сокини ноҳияи Ваҳдат Бахтиёр Холовро аз худ карда, арзиши чорворо, ки 25 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз барнагардондааст. Номбурда ҳамчунин моҳи июни соли гузашта аз сокини дигари ноҳияи Ваҳдат Маҳмадзоир Зокиров 8 ҳазору 400 доллари амрикоиро қарз гирифта, то ҳол ба соҳибаш барнагардондааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Январь 6, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш