Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Челябинск

Январь 17, 2014 16:08

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи маълумоти номбурда, имрӯз, 17 январ, тахминан соати 7 – и субҳ дар роҳи мошингарди Челябинск – Екатеринбурги ноҳияи Касли бар асари бархурди мошинҳои мусофирбари «Опель» ва «Газель» се нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Ӯзбекистонанд. Назар ба хабари корманди Намояндагӣ Шоҳназар Табаров, шаҳрвандони ба ҳалокатрасидаи Тоҷикистон сокини деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ Шодиев Шодӣ ва сокини деҳаи Доваи ноҳияи Рашт Раҳмонов Зоҳирҷон будаанд. Алҳол дар маҳалли садама кормандони шуъбаи тафтишоти ноҳияи Каслии вилояти Челябинск кор мекунанд. Назар ба гуфтаи сардори шуъбаи тафтишоти ноҳияи Касли Татяна Куликова, алҳол тафтишот идома дорад.

Январь 17, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид