Ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои варзишу туризм

Январь 29, 2014 11:44

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дирӯз, 28-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Олегович Никитюк масоили вобаста ба ҷавонон, варзиш ва туризм дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳо бо Украина баррасӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот раиси кумита оид ба муносибатҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар сухан гуфта,  ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо сафорати Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Украина дар самти ҷавонон, варзиш ва туризм, инчунин ҳамкориҳо бо кумитаҳои миллии олимпии ҳар ду кишвар ибрози назар намуд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар доираи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар мувофиқаи байниҳамӣ барои имзо омода мебошад.
Бо Украина санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаҳои туризм ва варзиш ҳанӯз соли 2008 ба тавсиб расидааст ва дар ин самт ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Олегович Никитюк даъват ба амал овард, ки дар барномаҳои мубодилаи ҷавонони ҳарду кишвар, ва бештар дар баргузории чорабиниҳо дар соҳаи варзиш ва туризм ҳамкориҳоро ҷоннок намоянд. 
 
 
 
 

Январь 29, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад