Ҳуҷраи зисти сохтмончиён сўхт

Январь 4, 2014 11:05

Душанбе, 4 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Соати 11-23 дақиқаи рўзи 2 январи соли 2014 дар минтақаи сохтмонии бинои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кўчаи Шоҳтемур 20-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сўхтор рух дод. Ҳангоми сўхтор дар масоҳати 20 метри мураббаъ ҳуҷраи зисти муваққатии сохтмончиён сўхта зарар дид. Пас аз хомўш намудани сўхтор коршиносони Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян намуданд, ки сабаби ҳодисаи беназорат мондани асбоби гармидиҳандаи барқӣ буда, гунаҳгори ҳодиса роҳбари сохтмончиён Саидхон Иброҳимови 25- сола мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарар аз сўхтор 306 сомониро ташкил медиҳад.

Январь 4, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш