Ҳунарнамоии устодони санъати ҳарбии Ҷопон

Январь 20, 2014 15:18

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи дуюми «Будо» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок намуданд.  Раиси Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар кишвари мо иттиҳодияҳои кёкусинкаратэ, дзюдо, айкидо, сумо ва каратэ варзиши тарзи Будоро рушду тарғиб медиҳанд. Дар давраи мавҷудияти Федератсияи дзюдои ҶТ варзишгарони кишвар медалҳои зиёде ба даст овардаанд.Хайрулло Назриев ҳанӯз соли 1994 дар Бозиҳои 12 — уми Осиё аввалин шуда мукофот гирифт. Гӯштингири тарзи дзюдо Расул Боқиев дар мусобиқоти ҷаҳон дар шаҳри Рио – де — Жанейро ва дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекин медалҳои биринҷӣ ба даст овард. Ғайр аз ин варзишгари ҷавони шаҳри Ваҳдат Адҳам Мисоқов моҳи декабри соли 2013 дар мусобиқоти 7 – уми Осиё соҳиби медали тилло гардид. «Ин ҷашнвора дастоварди назаррасе дар таҳкими дӯстии кишварҳоямон гардида, рамзи сулҳу суботи умум ба шумор меравад», — гуфт Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши.

Январь 20, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад