Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирон оид ба «Хонаҳои резинӣ»
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар»). — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба маълумоти тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мерасонад, ки дар давоми соли 2013 аз сӯи Федератси Русия як қатор қонунҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ қабул гардиданд ва аз моҳи январ солӣ 2014 амал мекунанд.Аз ҷумла Қонун «Дар бораи «Хонаҳои резинӣ» дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор гирифт.Тавре Александр Аксенов, сардори Раёсати бақайдгирии шиносномавии ХФМ ФР иттилоъ дод, баъди анҷом ёфтани истироҳати солинавӣ моҳи январи соли 2014 санҷиши «Хонаҳои резинӣ» оғоз гардида, қонуни марбут ба баҳисобгирии маҳалли зисти шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсия Россия амал мекунад. Қонуни мазкур ба онҳое, ки сабти номи сохтагӣ ва ё санади нодуруст нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таҳия намудаанд, пешбинӣ шудааст. Дар қонуни мазкур ҷазо барои шаҳрванди Россия ва шаҳрвандони хориҷӣ (но вобаста аз маҳаллӣ зист) татбиқ хоҳад шуд, дар ҳаҷми 100.000 — 500. 000 рубл ҷарима пешниҳод шудааст. Ва ё ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудан ба мӯҳлати на кам аз 3 сол ё, ки аз озодӣ маҳрум намудан муқаррар шудааст.Тибқи тағйиротҳои мазкур ҷавобгарии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба онҳо ворид шудан ба Федератсияи Русия манъ шудааст ва онҳо дидаю дониста сарҳади давлатии ин кишварро ғайриқонунӣ убур менамоянд дар асоси қонунгузории Федератсияи Русия чунин ҷазоҳо пешбини шудааст: ҷарима дар ҳаҷми 2000 — 3000, рубл дар баробари соҳибхонаҳо ҷарима дар ҳаҷми 2000 — 5000 рубл барои шахсони ҳуқуқӣ, ҷарима дар ҳаҷми 25.000 то 75.000 рубл пешбини шудааст.Ин мушкилот дар навбати худ проблемаҳои баъдиро дар пай дошта, бештар дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва манотиқи дигари Москва ва Ленинград, ки дар онҷо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият доранд, зиёдтар аст. Зеро шаҳрвандони хориҷӣ ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони мо тоҷикистониён зиёданд.Аз ин рӯ, аз тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш карда мешавад, ки қонунгузориҳои нави Федератсияи Русияро риоя намуда, пеш аз ба қайд гузоштан дар «хонаҳои резинӣ» аз шуъбаҳои бақайдгирии ХМФ ФР маълумоти заруриро касб намуда, баъдан худро дар қайд гузоранд ва аз миёнаравҳо ва қаллобоне, ки бо корҳои сиёҳ ва ғайрирасмӣ машғуланд, худро дур нигоҳ доранд.Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






