13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт
Душанбе, 7 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Аз 01 то 05 январи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 13 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Аз ҷумла, 5 январи соли 2014 мошини тамғаи «ДЭУ-Муссо» таҳти идораи ронанда Ҳасан Ҳасанов ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд» дар километри 32-юми роҳ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони обпартои деҳаи Гажни бархӯрд. Дар натиҷа худи ронанда Ҳасан Ҳасанов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили мошини мазкур Майдамоҳ Ҳусейнова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






