Ба кор даровардани навбати якуми маркази нави барқу гармидиҳии пойтахт
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо масъулину мутахассисони Тоҷикистону Чин, ки ба таври муштарак ба сохтмону таҷҳизи маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машғуланд, истиқбол гирифтанд.Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим кор ба таври шаборӯзӣ ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма навбати якуми маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дод. Иқтидори истеҳсолии навбати аввали марказ баробар ба 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқ аст. Ин иқтидор дар шароити камчинии нерӯи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқии кишвар мебошад.Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст.Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ, он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронда шавад.Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ хоҳад расид, бояд то моҳи апрели соли 2014, яъне 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ, ба кор дароварда шавад.Аз зимистони соли оянда сар карда, маркази нави барқу гармидиҳӣ беш аз 40% биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ низ таъмин хоҳад кард.Барои сохтмону таҷҳизи пурраи ин марказ харҷи беш аз 178 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Чин дар назар аст.Тибқи нақшаҳои дурнамоӣ, оянда иқтидори ин марказ шояд то 400 мегаватт/соат нерӯи барқ афзун гардад.Тавре иттилоъ доданд, дар сохтмони ин марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани марказ дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони чинӣ хоҳанд буд, ки ҳамзамон ба омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ машғул хоҳанд шуд. То имрӯз аллакай 60 нафар дар курсҳои 75-рӯзаи ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯзонда шудаанд. Дигар кадрҳои маҳаллӣ дар худи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони чинию маҳаллӣ омӯзонда хоҳанд шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози кори навбати аввали маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт, ки ин корхона бояд дар таъмини пойтахт ҳам бо нерӯи барқ ва ҳам бо гармию оби гарм саҳми намоён дошта бошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид






