Баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомат

Январь 30, 2014 10:00

           Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ “Ховар” Муқаддас Кушакова).- Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар иттилоъ дод, ки дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид. 
        Дар он Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
 Ин масъаларо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умаров ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Умаралӣ Ҳисайнов баррасӣ намуданд.                                           
      Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар     масъалаи баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст. 
 Созишнома рўзи 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв ба имзо расида, бо мақсади рушди фаъолияти ҳамкориҳо дар байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти ҳифзи кӯдак таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.         
 
 
 

Январь 30, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш