Баррасии фаъолият дар самти ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). –Имрӯз, 9 январ дар Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаи фаъолият дар соли 2013 ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Ибодзода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ зимни ҷаласа гуфт, ки кумита дар соли сипаришуда фаъолияти худро дар асоси сиёсати пешгирифта ва Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд. Ҷиҳати таъмини иҷрои “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” дар бахши «Таъмини суботи экологӣ ва рушди устувор» чораҳои зарурӣ андешида шуд. Дар соли 2013 татбиқи 20 тадбир ва 6 индикатор ба нақша гирифта шуда буд. Таҳлили маълумотҳои пешниҳодшуда собит намуд, ки 19 тадбир иҷро гардидааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» дар соли ҷорӣ 5 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз 34 банди “Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ барои солҳои 2007-2016” 6 банд иҷро гардида, бинобар сабаби маблағгузорӣ нагардидан иҷрои 9 банди барнома таъмин нагардид.Дар доираи таъмини иҷрои “Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-2015” иҷрои 28 банд ба нақша гирифта шудааст. То имрўз 18 банди он иҷро гардида, амалигардонии 7 банди дигар идома дорад. Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бахши олами ҳайвонот ташкил гардида, он ба маблағи зиёда аз 623,9 ҳазор сомонӣ бо манзараҳои табиат ҷиҳозонида шуд.Кумита ҷиҳати таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ 8 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.Лоиҳаи грантии “Идоракунии устувори исти¬фо¬дବбарии замин” ба маблағи 16 миллион доллари ИМА оғоз гардид. Фаъолияти асосии кумитаро пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ташкил мекунад. Дар соли 2013 — 23551 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд.Дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдор фаъолияти 89 субъекти фаъолияти хоҷагидор муваққатан қатъ карда шуд. Барои қонунвайронкунӣ ба 12224 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 1418,2 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда,78,5 фоизаш ситонида шуд. Ҳамзамон, дар 4008 ҳолат ба маблағи 2257,4 ҳазор сомонӣ, зарар ҳисоб карда шуда 36,8 фоизаш ситонида шуд. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1911 мавод ба маблағи 2852,1 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, тавассути онҳо 407,3 ҳазор сомонӣ ситонида шуд. Ба буҷаи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ 3 миллиону 851,3 ҳазор сомонӣ даромад ворид шуд. Дурустии пешгўии метерологӣ дар соли 2013 87,6%-ро ташкил дод. 37 пешгўиҳои офатҳои табиӣ метеорологӣ пешниҳод гардида, дурустии онҳо 89,5%-ро ташкил дод.Соли ҳисоботӣ 804 ҳолати офати табиӣ мушоҳида гардид, ки нисбати соли қаблӣ 261 ҳолат зиёд мебошад.Аз самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотии кумита корҳои муайян ба субут расонида шуд. Дар 3 ҷаласаи Шўрои илмию техникӣ 25 маводи илмӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ мавриди бар¬расӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон “Дар бораи маърифати экологӣ” ва “Дар бораи иттилооти экологӣ” тавассути телевизион 1840 гузоришу намоиш, тавассути радио 1441 гузоришу барнома ва дар рўзномаҳо 1175 мақола нашр гардид.Бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳоли¬ни¬шин ва соҳили дарёву каналҳо амалиёти умумиҷумҳуриявии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил гардиданд. Дар асоси маълумотҳо дар амалиёти мазкур бештар аз 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷўён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа бештар аз 1152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обан¬борҳо, ҷўйборҳо ва дигар манбаъҳои обӣ тоза гардида, зиёда аз 7372,3 мет¬ри кубӣ партовҳои гуногун ба партовгоҳҳои расмӣ баро¬варда шуданд. Барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ барои 5 сохтмони асосӣ аз ҳисоби буҷаи давлат 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, пурра истифода карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






