БДА: «Шаҳодатномаи ронандагие, ки дар 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста мешавад»
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки тибқи тағийру иловаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 № 103 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ» ворид шудаааст, шаҳодатномаи ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз нашудааст, беэътибор дониста мешавад.Иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи коршоямӣ барои идораи воситаҳои нақлиёти дараҷаҳои дахлдор будани ронанда ва шаҳодатномаи ронандагӣ анҷом дода мешавад.Маҳалли ҷойи зист дар асоси шиноснома муайян мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






