Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт

Январь 3, 2014 11:04

Ванҷ, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ аз оғози нимсолаи дуввум ба зимистони имсола омодагӣ диданд ва ба гуфтаи беморону табибон фасли сармои имсоларо бидуни мушкилот истиқбол гирифтанд. Утоқҳои табибон ва ҳуҷраҳои хобби беморон тавассути барқ гарму равшан мешавад. Сардухтури ин беморхона Санавбар Раҷабов гуфт, ки чанд сол қабл ба иллати камбуди барқ мо дар фасли зимистон бештар аз ангиштсангу ҳезум истифода мекардем. Аммо имсол бо ба кор даровардани неругоҳи хурди барқӣ ба системаи гармкунии барқӣ гузаштем. Сарфи назар аз ин барои рӯзи зарурӣ 26 тонна ангиштсанг ва 3 тонна маводи сӯхтро захира кардаем. Ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ маризон аз деҳоти дуру наздик муроҷиат карда, дар ин ҷо ҳам ташхис ва муолиҷа мегиранд. Хеле кам иттифоқ меафтад ки онҳо барои табобат ба беморхонаҳои вилоятӣ ва маркази ҷумҳурӣ раҳсипор гарданд, зеро ба қавли сардухтури ин беморхона Санавбар Раҷабов дар даврони истиқлолият бо кӯмаки ҳукумати ҷумҳурӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ касалхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табибони касбӣ таъмин гардид.

Январь 3, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш