Блаттер: «Ситораҳо аз тӯббозӣ дар кӯчаҳо оғоз кардаанд»
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол Йозеф Блаттер, дар боздидаш аз Санкт-Петербурги Русия бо Хуршед Мирзоев, муовини аввали раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ин ниҳод мулоқот кардааст.
Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст: “Хуршед Мирзоев дар ин мулоқот изҳор дошт, ки ФФТ аз мавқеъ ва тасмимҳои Блаттер барои рушди футбол дар тамоми ҷаҳон пуштибонӣ мекунад”.
Зимни ин дидор рушди футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Йозеф Блаттер аз тасмими раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавриди соли футболи омма эълон кардани соли 2014 истиқбол кардааст. “Ин идеяи беҳтарин аст ва бартариҳои зиёд хоҳад дошт. Бидуни футболи оммавӣ элита намешавад. Бисёре аз ситораҳои футбол роҳи худро аз тӯббозӣ дар кӯчаҳо оғоз кардаанд”, — гуфтааст Блаттер.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






