Боздиди Р. Раҳимов аз Маркази таълимии ВКД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов 11 январ бинои Маркази таълимии вазоратро, ки аз таъмиру тармим бароварда шуда, бо шароитҳои зарурии таълиму тарбия таъмин шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамакнун дар ин таълимгоҳи мақомоти корҳои дохилӣ синфхонаҳои махсус, аз қабили тактикаи махсус, ҳуҷраи компютерӣ, умумӣ, вобаста ба самтҳои фаъолияти муҳофиза, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти посбонӣ-пайроҳадорӣ ва ғайра кушода шуданд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба самти фаъолият дар он таълим мегиранд. Дар шафати бинои асосӣ ҳамчунин толори калони варзишӣ бо асбобу анҷоми лозимӣ, ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ баъди таъмиру таҷдид мавриди истифода қарор гирифт.Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар назди ҳайати шахсии марказ ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба беҳдошти шароити таълимӣ сухан гуфта, зикр кард, ки саҳми Маркази таълимии вазорат дар баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ калон аст. Зарур аст, ки қабл аз қабул ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ номзадҳо дар заминаи Маркази таълимӣ муҳлати коромӯзиро гузаранд. Танҳо баъди шиносоӣ бо шарту шароити хизматбарӣ, омӯхтани нозукиҳои кор ва аз худ намудани малакаи касбӣ,дар асоси ҳуҷҷати лозимии ин марказ ба хизмат қабул шаванд. Ҳамчунин бояд гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҷоннок карда шавад.Дар доираи дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар ва иқдому ташаббуси роҳбарияти вазорат барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар соли гузашта 39 бинои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шуда, зиёда аз 100 иншооти Вазорати корҳои дохилӣ ва 277 минтақаи маъмурии милитсия дар ҷумҳурӣ таъмиру навсозӣ шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






