Боздошти 15 нафар шаҳрванди Афғонистон

Январь 27, 2014 15:36

Душанбе, 27 январ. АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова)- Зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии кишвар изҳор шуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ 6 тоннаву 686 кг маводи мухаддир мусодира шуд, ки аз он 484 кг маводи сахттаъсири героин мебошад. Зикр гардид, ки аз шумораи умумии мусодираи маводи мухаддир 3 тоннаву 16 кг, аз ҷумла 279 кг героин, дар маҷмӯъ 46 фоиз маводи мухаддирро кормандони ВКД мусодира ва ошкор намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия 15 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо 268 кг маводи нашъадор дастгир шуд.

Январь 27, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш