Боздошти сарвари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ

Январь 30, 2014 09:34

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тавре қаблан иттилоъ дода будем, моҳи ноябри соли 2013 бо қарори суди шаҳри Хуҷанд аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Бобоев Зоҳирҷон Мавлонович бо муҳлати 11 сол,  Халилов Абдумаҷид Абдумаликович ва Собиров Набиҷон Ортиқҷонович бо муҳлати 10 солӣ ҳар кадом аз озодӣ маҳрум шуда буданд. 
         Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти милӣ (КДАМ) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сарвари гурӯҳи мазкур Қурбонов Фирӯз Абдусатторович ва аъзои дигари он Раҷабов Фатҳулло Анварҷонович аз тафтишот пинҳон гардида, ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фирор намуданд. Моҳи декабр онҳо пинҳонӣ ба ҳудуди вилояти Суғд баргашта, ба ҳаракатҳои ҷиноятии тамаъҷӯӣ тариқи зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон даст мезаданд. Рӯзи 19-уми декабри соли 2013 дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов дастгир шуданд.
Боздоштшуда Фируз Қурбонов, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд соли 2007 бо ҳукми суди ҳамин шаҳр бо дастрасии моддаи 237 қисми 2-и КҶ ҶТ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ҳамчунин соли 2009 нисбат ба Фирӯз Қурбонов ва 4 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноиаш бо гумони даст доштан дар як қатор ҷиноятҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, бинобар сабаби қабули Қонуни афв аз ҳукми ҷазо озод шуда буданд. Номбурда аз ҳамаи ин ҳолатҳо хулосаи зарурӣ набароварда, боз ҷиноят содир намудааст.
Гурӯҳи 5-нафараи Фирӯз Қурбонов, Зоҳирҷон Бобоев, Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Фатҳулло Раҷабов дар байни сокинони маҳаллаи «Абрешимчӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он худро ҳамчун узви лашкарони ислом муаррифӣ менамуданд. Онҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ дар қафаси синаашон аксҳои моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ карда, ба ҷиноятҳои тамаъҷӯию авбошӣ ва суиқасд ба куштор машғул буданд.
  Дар айни замон аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд нисбат ба Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов бо  дастрасии моддаи 250 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.  
КДАМ аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар оид ба кирдорҳои ҷиноии Фирӯз  Қурбонов, Фатҳулло Раҷабов ва дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ягон маълумот дошта бошанд ё аз дасти онҳо зарар дида бошанд, ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намоянд.

Январь 30, 2014 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд