Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 28, 2014 08:36

 
Амалҳои террористӣ дар Ироқ
    Душанбе, 28 январ.  (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Би Би Си сатҳи амалҳои террористӣ дар Ироқ аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта боло рафта, вазъият баъди роҳандозии амалиёти доманадор боз ҳам муташанниҷ гаштааст. Дар пайи тадбирҳои бехатарию эҳтиётӣ зимни роҳандозии амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Рамоди беш аз 140 ҳазор нафарро ба ҷойҳои нисбатан бехавф интиқол доданд. Мувофиқи иттилои омори кишвар дар соли 2013- ум  бар асари ҳамлаву амалҳои террористӣ 800 нафар ба ҳалокат расидааст.
 
Рабудани дипломатии мисрӣ
Душанбе, 28 январ.  (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар шаҳри Триполии Либия як тан корманди ҳайати дипломатии Мисрро рабуданд. Дар бораи ҳодиса то ҳол ягон маълумоти муфассал дода нашудааст. Бояд гуфт, ки ду рӯз қабл дар Либия силоҳбадастони номаълум як корманди сафорати Кореяи Ҷанубиро аз асорат озод намуд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар  дар Либия ҳар гуна ҳодисаҳо зуд-зуд рух медиҳанд. Мувофиқи ҳодисаи мазкур гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон ёфта, фаъолияти густурда мебарад.        
 
Марги 56 нафар дар Филиппин
Душанбе, 28 январ.  (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар ҷазираи Минданаои Филиппин бар асари боридани борони зиёд ва фаромадани ярч  56 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардоштанд. Бояд гуфт, ки 521 нафарро  Хадамоти наҷотдиҳӣ  аз минтақаҳои зери хатар ба ҷойҳои нисбатан бехавф интиқол доданд. Дар  соли 2013-ум дар Филиппин тӯфони шадиди «Ҳайян» бархост, ки дар натиҷа беш аз 5 ҳазор нафар қурбон гаштанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти наҷотдиҳӣ  дар соли гузашта дар қаламрави Филиппин 25 тӯфони баҳрӣ ба қайд гирифта шудааст.
 
 
 
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 28, 2014 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш