Дар соли 2013 дар натиҷаи сӯхтор 8 ноболиғ ба ҳалокат расид

Январь 28, 2014 13:42

         Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). «Дар соли 2013 дар Тоҷикистон 1330 сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа 24 нафар ба ҳалокат расиданд. Соли 2012 1266 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст», — дар ин бора зимни  нишасти матбуотӣ  муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон  Бузмаков хабар дод.
 
 Зикр карда шуд, ки: «ҳамаи  сӯхторҳо аз вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии асбобҳои электрикӣ сар задаанд».
 
   Зарари умумии сӯхтор 15 миллион сомониро ташкил додааст. А.Бузмаков ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор санҷиши зиёда аз 45 ҳазор иншоот ва 600 ҳазор манзили истиқоматӣ гузаронида шуда, 10 ҳазор ҳолати сар задани сӯхтор пешгирӣ ва ба маблағи зиёда аз 223 миллион сомонӣ молу маҳсулот аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шудааст.
 

Январь 28, 2014 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад