Даври нахустини таҳсил дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент

Январь 8, 2014 10:11

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи аввали таҳсил шуруъ гардид.Дар он аз рӯи се ихтисос-«Муносибатҳои байналмилалӣ», «Идоракунии давлатӣ» ва «Иқтисодиёти идоракунии ҳайат» донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар фаро гирифта шудааст. Донишкадаи мазкур соли 2004-ум ба фаъолият шуруъ намуда, то имрӯз беш аз 15-ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ дар риштаи «Идоракунӣ дар хизмати давлатӣ» дар курсҳои бозомӯзӣ такмили ихтисос намуданд. Дар чорабинӣ инчунин гуфта шуд, ки масъулини донишкадаи идоракунии давлатиро зарур аст, ки дар оянда аз рӯйи ихисосҳои дигари ҳаётан муҳим низ таҳсилро ба роҳ монда, мутахассисони воқеан ҳам босаводро ба ҷараёни таълим ҷалб намоянд. Зикр гардид, ки дар донишкада 80 нафар фаъолият намуда, 40 нафари онҳо омӯзгорон буда, аксар дорои унвонҳои илмӣ мебошанд. Аз соли 2009-ум инҷониб дар донишкада ҳар соле 100 нафар аз рӯйи ихтисосҳои идораи давлатӣ таҳсил намуда, соҳиби унвони магистр мегарданд. Тавре ки зикр гардид, таҳсил дар шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона муддати як сол сурат гирифта, баъди анҷоми таҳсил хатмкунандагон соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардида, ба мақомоти ҳокимияти давлатию маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бармегарданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар айни замон бунёди бинои 12 ошёнаи донишкада ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино идома дошта, то соли 2015-ум ба истифода дода хоҳад шуд.

Январь 8, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш