Эмомалӣ Раҳмон риояи қатъии қонунҳоро талаб намуд
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронии худ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 бо таваҷҷуҳ ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа таъкид намуд, ки кори комиссияҳои доимӣ доир ба назорати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ»-ро фаъол гардонида, оид ба риояи ҳатмии муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” мунтазам чораҷӯӣ намоянд. «Такрор ҳам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки иҷрои ҳатмӣ ва босифати тамоми барномаҳои соҳавии қабулкардаи Ҳукумати мамлакат дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин карда шавад»- иброз дошт Сарвари давлат. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастур дод, то дар самти дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои иловагӣ андешанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






