Эътимод ба бонкҳо дар Бадахшон меафзояд
Хоруғ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» Файз Мирасан) .-Бино ба иттилои шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар соли 2013-ум муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз 55 миллион доллари амрикоӣ ба бонкҳои вилоятӣ интиқол доданд. Муҳоҷират яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии давлат буда, аз ҳисоби он ҳамасола маблағи муайян барои хешовандону наздикони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ба ватан ирсол мешавад. Ба иттилои масъулини шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хоруғ ба пешгӯиҳо дар бораи коҳиши маблағҳои интиқолӣ нигоҳ накарда, муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2013 бештар аз 55 миллион доллари амрикоӣ барои хешону наздиконашон интиқол доданд, ки нишондиҳанда дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол дар маркази вилоят дар баробари бонкҳои амалкунанда марказҳои хизматрасонии нави бонкӣ кушода шуданд. Маркази хизматрасонии «Соҳибкорбонк» дар арафаи Соли нав ба фаъолият пардохт. Мудири бонки мазкур Зуҳурбек Назаршоев гуфт, ки афзоиш ва густариши хизматрасониҳои бонкӣ дастрасии мизоҷонро ба сандуқи қарзӣ ва гирифтани маблағҳои интиқолӣ осонтар мегардонад. Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулини «Агроинвестбонк» на фақат маблағҳои интиқолӣ аз хориҷи кишвар, балки интиқоли маблағ дар дохили кишварамон низ афзоиш ёфтаанд ва шаҳрвандон ҳарчи бештар дар интиқоли пул аз хизматрасонии бонкӣ истифода мебаранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






