Эътирози прокурор нисбат ба қарорҳои замин
Шаҳритус, 11 январ. (АМИТ «Ховар» Меҳрубон Сатторова).- Замин моликияти давлат буда, хариду фурӯши он манъ шудааст. Аммо тавре ки ёрдамчии прокурори ноҳияи Шаҳритус, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Муҳаммадризо Нидоев зикр кард, дар соли 2013 вобаста ба риояи қонунгузории замин аз ҷониби прокуратураи ноҳия 10 маротиба санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба натиҷаи он ҷиҳати бекор намудани санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда 8 эътироз оварда шудааст, ки 5 қарори он ба раиси ноҳия тааллуқ дорад. Дар ин давра ба раиси Кумитаи заминсозии ноҳия 5 амр дода шуда, дар ин асос масоҳати 4,85 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, нисбат ба 37 нафар шаҳрванд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба 7 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Аз тарафи прокуратураи ноҳия дар соли 2013 54 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 100 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 144 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба тариқи назоратӣ 29 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 279 қисми 3, 323, 340, 163 қисми 1, 246 қисми 2 банди «в», 245 қисми 3 банди «а» , 338 қисми 2, 164 бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а» «в», 209 қисми 1, 314 қисми 1 ва 253 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






