ФБД оид ба интиқоли маводи моеъдор мусофиронро ҳушдор медиҳад

Январь 18, 2014 11:18

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси дастури Росавиатсия, бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Федератсияи Русия нисбат ба интиқоли ҳар гуна моеъ чораҳои иловагӣ андешида шудаанд. Минбаъд ҳама гуна маводҳои моеъ, аз ҷумла равғанҳо ва дигар модаҳои равғандор, гел, аэрозолҳои барои гигиенаи шахсӣ истифодашаванда, ки дар даст ё бори дастӣ мавҷуд аст, ба бағоҷ супорида мешаванд.Доруворие, ки барои нигоҳдошти саломатии мусофир дар вақти парвоз заруранд, инчунин ғизои кўдакон пас аз санҷиши махсуси кормандони хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ барои бо худ гирифтан иҷозат дода мешаванд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмиллии Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ва ҳангоми бозгашт аз фурудгоҳҳои Русия талаботи мазкурро дуруст дарк намуда, барои сар назадани ҳама гуна нофаҳмӣ ашёи моеи худро пешакӣ дар бағоҷ ҷой диҳанд, зеро дастури мазкур ба хотири бехатарии мусофирон ва амнияти парвозҳо роҳандозӣ шудааст. Бо ҷорӣ гардидани талаботи мазкур, азназаргузаронии мусофирон эҳтимол вақти зиёдтарро гирад, бинобар ин тавсия медиҳем, ки мусофирон ба фурудгоҳ барвақттар ҳозир шаванд.

Январь 18, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш